Арзи давлати сохибихтиёри худро бояд донист 30 Мая 2018


Давлат ин структураи чамъияти буда он функцияхои назорат ва пешбарии чамъитро дар ухда дорад. Агар мо ба таърихи давлат нигох ангезем мебинем, ки дар Осёи Маркази давлат аз хазораи яки пеш аз милод ин чониб пойдор мебошад. Аз нигорахои таърихи ба мо маълум аст, ки Осиёи Маркази мавкеи мухими геополитики дошта он борхои зиёд зери тахкими ачнабиён гаштааст. 

Имруз мо точикон, ки бо толехи Иллохи сохиби давлати сохибихтиёр мебошем,  пас вазифаи мукаддаси хар як шахрванд ин химояи на танхо буму марзи ин сарзамин, балки аз тахкири душманон нигох доштани мероси маънавиву мадании он мебошад. Имрузхо дар сомонахои хабариву чамъятии Интернет маводхои зиёди нигарони нисбати сиёсат ва тартиби Чумхуриамон пешкаши хонандагон шуда истодааст. Зиёдтари ин маводхо максади дар хонанда парвариши хисси бадбини нисбати ин сарзамин, рохбарон ва умуман чамъяити имрузаи точикон нигаронида шудааст. 

Бояд кайд намуд ки, аксарияти ин «довталабон»-и апозиция дар мухочират карор дошта бо ёрии моливу пулии гуруххову структурахои сиёсии давлатхои хоричи умр ба сар мебаранд. Онхо ё ин, ки аз бекори ё ин, ки аз нодони ё ин, ки аз гаразхои нохолисона бо далелхои ноустувори худ сахни сомонахои интернетиро бо эчодиёти худ фаро гирифтаанд. Агар мо дар ин холат Чамъияти Шахрвандиро ба йод орем, пас бояд кайд кард, ки эчодкорони ин маводхо дар чамъяит бояд шинохта бошанду ва онхо зиддиакал бояд дар марзи Чумхуриамон умр ба сар баранд. Агар онхо дар хакикат бехбудии мамлакамонро хостгор бошанд метавонистанд, ки оиди дархосту шикоятхои худ ба структурахои дахлдор хабар диханду, пас аз муддате аз ин структурахои давлати талаби чавоби дархостхои худро кунанд. 

Конун вайронкуни ин ходисаи руйнопуши хамаи чамъиятхои дуняви буда махз барои пешгирии он структурахои махсуси давлати фаъолият мебаранд. Аз ин сабаб ин «фаъолон»-апозиционии зикр гардида бояд донанд ки дар Чумхурии Точикистон чунин структурахо вучуд дошта харрузахо микдори зиёди ингуна холатхоро пешгири карда истодаанд. Агар не пас ин сулху салох ва оромии имрузаро дидан мушкил буд. Ман шахсан аз онхо хохиш мекардам, ки аз фаъолияти ношоями худ дасткашида бахри пешравии чаъияти имрузаи точик талош кунанду ва хар норасии онро бо хамдасти ва ороми кушиш карда аз байн баранд.        

Мудири кафедраи Таърихи умумии факультаи Таърих ва Муносибатхои Байналмилали Раззоков Фарход Абдурауфович

Возврат к списку


Учеба в РТСУ

Абитуриенту Абитуриенту Студенту Студенту Выпускнику Выпускнику Сотруднику Сотруднику
Для людей с ограниченными возможностями

Для комфортного просмотра вы можете воспользоваться масштабированием страницы — в активном окне браузера нажмите несколько раз на клавиатуре сочетание клавиш Ctrl и + для увеличения размеров шрифта и элементов сайта до необходимого вам размера

Закрыть