ХТ ХНИТ ва бозии у барои дастраси обру дар Точикистон 07 Августа 2018
Намояндагон ва рохбарони ХТ ХНИТ холо дар давлатхои Аврупо мавкеи худро дарёфт намуда кушиш менамоянд, ки бо роххои гуногун обруи аз даст рафтаи худро дар Чумхурии Точикистон баркарор созанд.
Ба хамагон маълум аст, ки давлатхои Аврупо аз чумла Чумхурии Федеративии Олмон, Фаронса новобаста аз миллат, начот, дин ва нигохи сиёси, ба нафароне, ки аз онхо панох металабанд аксарият вакт панохи сиёсиву ичтимои худро дарег намедоранд. Ёрдами ичтимои аслан аз маблаги муаян, чои зист ва имконияти барахманд шудан бо чои тахсил ё ин, ки кор мебошад. Холо фоизи чунин нафарон дар давлатхои Аврупо хеле афзуда, яке аз проблемахои мухими стратеги ва ичтимоии ин давлатхо ба шумор меравад. Сабаби авчи баланд шудани теъдоди нафарони хохишманди дар Аврупо маскун мегардида гуногунанд:
- Чангхои пайдар хам дар давлатхои Аврупои Шарки дар тули солхои 90-ум
- Чангхои пайдар хам дар давлатхои Африкои Шимоли ва Осиё ва Осиёи Наздик мисоли Афгонистон, Ливия, Миср, Сурия, Туркия ва гайра.
- Кушиши панохи сиёси ётфтани гурухони опозиционни аслан аз давлатхои ру ба тараки.
- Дарачаи нисбатан баланди ёрдами ичтимои: маблагхи ёрдами, чои зист ва таъмин аз чои кор.
- Хохишмандони зиёд бо наздик шинос шудан аз таври хаёти «пешрафта»-и дунёи гарб ва гайраву гайрахо.
Хушбахтона контингенти шахвандони Точикистон дар давлатхои Аврупо то наздик аслан аз донишчуёну сохибкорон иборат буд. Аммо баъд аз вакеахои руйдодаи тобистон ва тирамохи соли 2015 ягона хизбе, ки дар Осиёи Маркази касби динни дошт – ХНИТ манъ карда шуд. Баъд аз он мавчи панохбарандагони сиёсии Точикистон дар кишвархои Аврупо афзоид. Муддати 3 сол аст, ки рохбарони ин хизб дар кишвархои Аврупо умр ба сар мебаранд. Новобаста аз манъ гаштани фаъолияти ин хизб тарафдорони он вокунишхои худро махсусан дар шабакаи Интернет руз аз руз меафзоянд. Ба назар чунин мерасад, ки мухочирони сиёси намехоханд дасти муборизаро фуру диханд ва баръакс талоши онро доранд, ки мавкеи аз даст рафтаи худро дар Точикистон то хадди имкон баркарор созанд. Барои хамин онхо намуди зиёди хабару, ходисахоро рангу бори сиёси дода онро ба манфиъати худ ва зиёни сохторхои сиёсии Чумхурии Точикистон истифода мебаранд. Масалан ин ходисаи нохуши бемории кудак (,ки ба яке аз намояндагони хизб хешу акрабо мебошад), ва инчунин ходисаи нохуши бо саёрони хорича рух дода. Чихеле, ки дар урфият мегуянд: «Арбоб занад бо хар боб». Мо имруз шохиди он гардида истодаем, ки мухочирони сиёси худро ба мисоли «арбоб» гирифта барои ба даст овардани максадхои худ «бо хар боб» саъю кушиш мекунанд.
Бояд низ кайд кард, ки ин хама натичаи таракиёти диалектикии Чумхирамон мебошад. Ягон кишваре дар дунёи муосир нест, ки опозиция дар дохили кишвар ё ин, ки дар бурун марзи он надошта бошад. Ин шаходат аз онро, дорад, ки Точикистон тавонист хамчун давлат пойдор гашта, дар системаи комили сиёсиву ичтоимоии дунё хамрох гардад.
Бояд харф зад, ки мухочирони сиёси низ худро чузъи комили чамъияти пешрафтаи инсони дониста бо роххои «политехники» пешрафта амалхои худро ичро менамоянд. Аммо ин гурух нафарон як чизи аз хама соддаро фаромуш доранд. Ин он аст, ки баъд аз солхои зиёди умр дар Аврупо онхо наметавонанд на худро ва на нигоххои назариявии худро ба мухити Точикистон, ки яке аз кишвархои шарк ба хисоб меравад трансформация намоянд. Онхо фаромуш мекунанд, ки Шарк ин Шарк асту Гарб ин Гарб. Асрхои тулони аст, ки маданияти Гарб фишори бехамтои худро ба Шарк овора кардаасту аммо маданияти Шаркро натавонист аз байн барад. Нигохи назари мардуми Шарк ин нигох дории анъана, расму русум, дин ва оини хеш мебошад.
ХНИТ хамчун як ячейкаи динни дар аввал ба мйион омада, бад аз он рангу бори сиёсиро гирифт ва хост бо рохи сиёси ба сари мардуми Точик динеро, ки ин миллати мусулмон зиёда аз хазор сол пайрави мекунад, аз нав омузаду ва онро хамчун як ричаги сиёси барои ба даст овардани хукумати сиёси истифода барад. Ин максад худ бу худ ва бо рафти айом сазовори хадафаш щуда натавонист ва ин ба хамагон анику фахмо шуд ва мемонад. Ягона дастоварде, ки ин хизб дар равиши Точикистон ба миён овард ин иштироки он дар чанги шахрванди ва курбонии даххо хазор шахрванд. Баъд аз он онхо натавонистанд, дар дили мардум на рох йобанди на онхоро по банди худ созанд. Чун, ки хамаи он чизхое, ки ин хизб пешниход дошт яъне пайравии дини мубини исломро аксарияти мардуми точик худ аз худ медонисту онро бо дуову фотихаи бобову падараш пайрави мекард ва эхтиёчи гуфтахову дастгирии ин хизбро надошт. Аз ин сабаб мувофики маълумотхои шабакахои хабари тарафдорони ин хизб соли 2015 рохи зурии ба даст овардани хукуматро пеш гирифта дар натоич шикаст ёфтанд. Яъне, ки чи хеле, ки дар урфият мегуянд «солимро аз даст доданд»-у аз бози берун гаштанд.
Раззоков Ф. А.
Мудири кафедраи таърихи умумии
Донишгохи Славянии Руссияву-Точикистон


