Мо чавонон - бо Пешвои Миллатем! 27 Августа 2018
Агар ба Сарконуни чумхуриямон нигарем, дар ончо омадааст, ки давлати мо давлати дуняви ва хукукбунёд мебошад. Мусалмон буданамонро мо набояд бо ришу либос нишон дихем, чунки имон дар калби мост. Мо, чавонони асили Пешвои муаззами милатамон хастем ва бояд ба суханхои падари бузургамон хамеша гуш кунем. Ба ифротгароиву ифротсарои даст нарасонем, чунки ояндаву хозираи миллати хеш дар дасти мост. Имрузхо чавондухтар ё чавонписар, бояд рафтору кирдори нек кунад, то ки дигарон аз у ибрат гиранд.Ман хамчун як чавондухтари точик Пешвои муаазами миллатро дар зиндаги Идеали худ медонам. Зеро он амалхо ва корхоеро, ки Пешвоямон анчом медиханд бисёр хам дар хаёти мо накши мухим доранд. Бо ёрии падари азизамон дар чахон номи Точикистонро имруз мешиносанд. Ба гуфтахои беаклона бовар намекунам. Мухтарам Президент, ва умуман ягон Президенти дунё, ба мардуми худ, чун ин оилаи уст, силох намебардорад. Вакте, ки Эмомали Рахмон якуминбор ба хонаи Худованди мехрубонамон медарояд, у пул не, у модар не, у фарзанд не, у зан не, у "халкамро Худованд нигох кун" гуфта баромад. Ин аст сарвар!
Азиза Караева донишчуи курси 3 бахши журналистика


