Ватан муқаддас аст, аз он даст накашед! 13 Сентября 2018
Пас аз пош хӯрдни Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳаёти мардумони ҷумҳуриҳои мустақил дигаргуниҳои азиме ба амал омад. Ҳар як ҷумҳурӣ Эъломияи мустақилияти хешро қабул намуда, роҳи минбаъдаи инкишофи кишварашро интихоб намуд. Маҳз, дар арафаи пошхӯрии ин давлати абарқудрат, дар ин ҷумҳуриҳо ҳизбу ҳаракатҳои зиёде ба вуҷуд омада, фикру ақидаҳои хешро нисбати интихоби роҳи минбаъдаи ҷомеъа иброз медоштанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳизбу ҳаракатҳои зиёде ба вуҷуд омада, аз маромномаҳои хеш дарак доданд. Албатта сохтори ҷомеъаи демократӣ тақозо мекунад, ки ҳар як шаҳрванд тавассути ҳизбу ҳаракатҳои гуногун ақидаи хешро озодона баён намояд, албатта агар зидди қонунҳои мавҷуда набошанд. Пас аз қабули Эломияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ҳизбҳои сиёсӣ дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии кишвар ширкат меварзиданд. Ин яке аз рукнҳои давлатӣ демократӣ ба ҳисоб мерафт. Албатта ҳар як ҳизбу ҳаракат оиннома ва маромномаи хешро дошт ва тибқи онҳо амал мекард.
Пушида нест, ки мақсаду мароми аксар ҳизбҳои сиёсӣ ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ буд. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) (дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти он манъ карда шудааст), ҳанӯз охири солҳои 70-уми садаи ХХ, ба сифати созмони махфии ҷавонон арзи вуҷуд карда буд. Минбаъд пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, аз оғози солҳои 90-ум ба Иттиҳоди мухолифини тоҷик пайваст. Пас аз имзои Созишномаи сулҳ ва ваҳдати миллӣ (1997), соли 1999 Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти ҲНИТ иҷозат дод. Минбаъд онҳо дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии кишвар ширкат варзида, аз ҷумла, намояндагонашон дар интихоботҳои палумони кишвар интихоб гардиданд. Вале солҳои охир фаъолияти ин ҳизб чунон ба куллӣ тағйир ёфт, ки Суди Олии Тоҷикистон фаъолияти онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ кард. Гузашта аз ин, онҳо наинки вазифаҳои оинномавӣ, балки қонунҳои мавҷудаи кишварро вайрон карданд. Воқеъан, кас ба андеша меравад. Аввалан, касе, ки мусалмон аст вай ба Парвардигор тариқи қалбаш ва нияти некаш этиқод мекунад. Барои ин ба фикри ман ягон гуна ҳизби сиёсӣ ҳам лозим набуд; дуввум, мақолаву изҳорот, тазоҳуроту баромадҳо муқобили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти он ба чӣ мақсад аст?
Имрӯз воқеъият аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷомеъаи пешрафта қадамҳои устувор мегузорад. Аз ҳама муҳиму нодир, ин тинҷиву осудагист. Аз рӯи як тадқиқоти сотсиологии хориҷиён. пойтахти кишвар-боғшаҳри Душанбе, яке аз тинҷтарин шаҳрҳои дунё арзёбӣ шудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мо дар фазои осудагӣ зиндагӣ мекунем. Ҳангоме ки бо чанд мӯйсафеди барнодил сӯҳбат доштам, онҳо изҳор доштанд, ки ғурбат бадтарин маризиест, ки дилу ҷигари касро мехурад, имрӯз, ки мо дар осудагӣ зиндагӣ дорем, аз Парвардигор илиҷо мекунем, ки чанд муддате, ки умрамон боқӣ монда бошад дар ҳамин тинҷиву амонӣ зиндагӣ кунем ва таманнои онро мекунем, ки набераву абераҳои мо низ дар ҳамин фазо ҳаёт ба сар баранд.
Тибқи хабару мақолаҳои рассонаҳои хабарӣ намояндагони ҲНИТ дар баромадҳояшон зидди кишварамон сухан мегуянд, мардумро ба нотинҷӣ даъват мекунанд. Мақсади асосии онҳо чист? Магар боз пас гаштан ба нофаҳмиҳо. Санадҳои ба чопрасида, иттило медиҳанд, ки хоҷагони хориҷии онҳо барои фаъолияти ҳизб маблағњои зиёде ҷудо менамоянд. Ба чӣ мақсад? Суолҳои зиёде ба миён меояд. Онҳо ҳам фарзандони ҳамин сарзаминанд. Хуни нофашон ҳамин ҷо рехтааст. Андеша надоранд магар. Оё бо Модар – Ватан ҳамин хел муносибат мекунанд? Бас аст ҷудоихоҳӣ! Аз Ватан даст кашидан ин аз Модар даст кашидан аст!
С.Муҳиддинов, декани факултаи таърих ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон


