ИҚДОМҲОИ СИТОДРО ДАСТГИРӢ МЕКУНЕМ! 26 Октября 2018
Истиқлолият, ваҳдат ва ҳаёти орому осуда неъматҳое мебошанд, ки насиби на ҳар миллат мегарданд. Миллати тоҷик дар ҳақиқат миллати хушбахт ва сарбаланд аст, ки тақдир ин неъматҳои номабаршударо насибаш гардонидааст. Тӯли солҳои соҳибихтиёрӣ ҳамагон шоҳидем, ки давлат ва ҳукумати Тоҷикистон зери роҳбарии хирдмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва таъмини ҳаёти арзандаи шаҳрвандон кӯшишҳои шабонарӯзӣ карда истодаанд. Расидан ба қадри ин заҳматҳо ва дар атрофи Пешвои муаззами миллат муттаҳид шудан қарзи шаҳрвандии ҳар як сокинии бонангу номуси ҷумҳурии азизамон мебошад.
Мардуми шарафманди Тоҷикистон имрӯз шукронаи ҳаёти арзанда намуда, тамоми кӯшиш худро баҳри ободии ин сарзамин равона намуда истодаанд. Аммо ҳанӯз ҳам ҳастанд гуруҳҳо ва ашхоси алоҳида, ки қадри ин ҳаёти орому босуботро надониста, ба амалҳои ғайриқонунӣ даст мезананд ва мехоҳанд суботу оромии ҷомеаро аз байн бурда, амнияти миллии кишварро халалдор кунанд. Тамоми ин неруҳо бояд дониста бошанд, ки сохтори конститутсионии Тоҷикистон тағйирнопазир аст ва мақомотҳои қудратии Тоҷикистон қодиранд, ки ба ҳама гуна гуруҳи таҳдидҳо ҷавоби арзанда гардонанд.


