Мақсад танҳо оромии кишвар аст 26 Октября 2018
Чуноне ки огаҳӣ ёфтем, ба истилоҳ лидерони дар Вилояти Кўҳистони Бадахшон фаъолитдошта-Толиб Аёмбеков, Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, Ёдгор Мамадасламов, Хурсанд Мазоров ва Мунаввар
Шанбиеврўзи 22 октябри соли 2018 ба Додситони ВКМБ омада, иброз доштаанд, ки мо ягон гуноҳ надорем ва моро чаро сиёҳ мекунанд.
Дар ҳақиқат ин 5 нафар аз саркардагони гуруҳҳои љиноятпеша дар ин минтақаи дурдасти кишвар ба ҳисоб мераванд, гумон меравад, ки барои амалҳои содирнамудаашон изҳори пушаймонӣ карданианд. Аммо ин ҳанўз равшан нест. Ин қазияро мақомотҳои дахлдор санљида, баъд хулосаи заруриро мебароранд.
Бояд хотиррасон кард, ки дар дасти ҳамаи инҳо силоҳҳои ғайриқонунӣ нигоҳ дошта мешаванд. Агар онҳо то силоҳи охирини худро насупоранд, мо наметавонем гўем, ки Бадахшон ором аст. Гарчанде ки дар Вилояти Кўҳистони Бадахшон ҳама ором асту мардум ба кору меҳнати доимии худ машғуланд.
Имрўз дар ВКМБ ситоди байниидоравӣ фаъолият намуда истодаасту баҳри таъмини оромию суботи минтақа тамоми чораҳоро андешида истодааст. Шояд ин нафарон – саркардагони гурўҳҳои љиноии Бадахшон ақли солимро ба кор баранду ихтиёран яроқҳои дар даст доштаашонро оварда супоранд. Он гоҳ нуран ало нур мешуд. Баръакси ҳол худ кардаашон пушаймон мешаванду суде намебинанд. Чи хеле ки Раиси КДАМ-и Тољикистон гуфтанд: ”Салоҳият ва масъалаи гузарондани амалиёт зидди гурўҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ба дӯши раиси КДАМ гузошта шуд. Ба муқобили аҳолӣ ягон хел амалиёт гузаронда намешавад, лекин дар зери нишони КДАМ, ВКД тамоми 6 гурўҳи ҷиноятиеанд, ки ном ба ном ҳастанд. Дар ҳавлии онҳо чанд нафар бо яроқ истодаанд, навъҳои яроқи онҳо. Мо захираи тирҳояшонро ҳам медонем. Шабҳо дар кадом болохона пулемёти Калашников, дар кадом маршрут гранатамёт гирифтаанд, разведчикҳояшон дар куҷо кор мекунанд, ҳамаашро медонем. 170-180 яроқе, ки супориданд, ҳамагӣ 10 – 15 фоизи силоҳи онҳост. Талаби ситод ин аст, ки то охир, то як дона тир супоранд. Ин як дона тир, як таппончаи Макаров, як пулемёт онҳоро муҳофизат намекунад. Агар насупоранд, ҷинояткорӣ идома ёбад, оқибаташ тибқи қонун чораандешӣ мешавад. Мақсад танҳо ба эътидол овардани вазъият дар вилоят ва зиндагии осоиштаи мардум аст.”
Айёмбекова Г.


