Паём ба ҲНИ- и мамнуъшуда ва Кабиритаборҳо 15 Ноября 2018


Ҳар куљо аз боби Роғун ҳарфи бад ангоштед,

Қасди «бори каљ ба сарманзил» расидан доштед.

Ин ҳақиқатро шумо афсона мепиндоштед,

Оқибат ҳосил зи тухми кошта бардоштед,

 

Даҳр бинад, парчами бахту саодат шуд баланд,

Обрӯи давлати тољику миллат шуд баланд,

То фалак оҳанги маънии сиёсат шуд баланд,

Шохаи нахли пур аз бори ҳақиқат шуд баланд.

 

Сар ба зону мениҳед имрӯз, ночор аз дигар,

Каф занед аз бахту иқболе, ки бошад чорагар.

То ба кай бар қалби поки Тољикистон нештар?

То ба кай фикри хиёнатпарварї бошад ба сар?

 

Хостори нури имонед? Роғун аст нур!

Хостори қудрати сабред? Роғун аст зӯр!

Хостгори нагну номусед? Роғун нест дур!

Хостгори ганљи ирфонед? Ҳаст он љо булӯр!

 

Каъбаи нур аст Роғун, нур роғунмазҳаб аст,

Ояти шукронаи тољик доим дар лаб аст.

Пешвои мо чи хуш дар љодаи нурофарї,

Дар миёни Сарварони даҳр соҳибмактаб аст.

 

Шохрух Фаррух


Возврат к списку


Учеба в РТСУ

Абитуриенту Абитуриенту Студенту Студенту Выпускнику Выпускнику Сотруднику Сотруднику
Для людей с ограниченными возможностями

Для комфортного просмотра вы можете воспользоваться масштабированием страницы — в активном окне браузера нажмите несколько раз на клавиатуре сочетание клавиш Ctrl и + для увеличения размеров шрифта и элементов сайта до необходимого вам размера

Закрыть