Гирдиҳамойии ҷинояткорон дар Германия 16 Декабря 2018 16:13:00
Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар роҳи татбиқи ҳадаф ва иќдомњои созандаи худ бахри таъмини амнияти ҷамъиятӣ бо кадамхои устувор пеш меравад. Дар Тоҷикистон, бо шарофати Асосгузори сулху Вахдати милли – Пешвои миллат, Президенти мамлакат мухтарам Эмомали Рахмон руйдодхои ягонаи даврон: сулх ва шукуфои дар ҷумҳурии мо анљом дода шудааст.
Бояд қайд кард, ки Тоҷикистон аз рўи самтҳои асоси рў ба инкишоф ниходааст. Аммо, мутаассифона, роҳбарон ва аъзоёни созмонхои экстремистӣ ва террористии манъ гашта, ки дар Олмон гирдиҳамоӣ баргузор намудаанд аз гаразхои нопоки хеш аз дарки чунин тағйирот ва бењбудихои кулли Тоҷикистон дар канор мондаанд.
Ташкилкунандагон ва иштирокчиёни созмонњои манъ гашта аз ҷавобгарии ҷиноятӣ саркаши намуда дар якчанд кишварњои европои рў ба панох овардаанд. Ҳамаи гирдиҳамоихои баргузор гашта бо дастуру супоришҳои «хочагони молияви» дар хориҷи кишвар ташкил гардидаанд.
Чанде пеш дар шабакаи интернет маълумоте нашр гардид, ки тибқи он 10 декабри соли 2018 дар назди бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлин, гирдиҳамоӣ баргузор гардидааст. Дар ин масъала бештар таҳдиди воқеиро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ экстремизм ба зимма дорад, ки аз чумла тавассути тарчрибаи террористи амали мегардад. Зеро экстремизм бо услуби хоси хеш васеъ гаштааст, ва дар фазои таъсиррасониаш манфиатҳои амнияти миллии ҳамаи кишварҳои сайёраро мутлако ѓабс дорад.
Экстремизм бо халалдор намудани муњимтарин хуќуќњои инсон: ба ҳаёт, озодӣ, амният таҳдидомезона худ огохи додааст. Ӯ яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷаҳони муосир буда дар арсаи болоравии технология харби, ки вакте шахсият кобил аст барои ҳалли мақсад ва вазифаҳои хеш аз тамоми дастовардҳои муосири илми истифода барад, ки ин хама боиси нигаронии махсус гардидааст. Хусусан имрўз фаъолияти ҳаракатҳои дини-экстремисти фаъол гаштааст, ки ин боиси изтироб аст.
Баъдан имрӯз чунин харакату созмонхои байналмилалии террористи азкабили “Бародарон – мусулмон”, “Ҳизб – ут – Таҳрир ал – Исломи”, “Ал-чихад-интернейшнл", ва дигарон, ки бо машхурияти таассуфовари “Ал- қоида” зич алоқаманданд махсусан ба чомеаи башар хатарноканд.
Аз ин рў чунин зуҳуроти љиноятњои муташаккил, ба монанди терроризм ва экстремизм хамчун падидаи муосири хатарнок ва њато пешгӯйиаш мушкил њисобида мешаванд, ки бо тањдиди микёси дар шаклњои гуногун амал мекунанд.
Меъёрҳои Кодекси љиноятии Чумхурии Точикистон ҷавобгарии чиноятњои хусусияти экстремисти доштаро пешбини намудааст.
Мувофиқи Консепсияи ягонаи Чумҳурии Точикистон оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон мубориза бо терроризм ва ифротгароиро хамчун вазифаи мухими таъмини амнияти миллӣ ва тамоми чахониён баррасӣ намуда ва барои таќвият бахшидан дар ин самт хамкориро ривоч дорад.
Баъдан дар хотима кайд намудан зарур аст, ки мо танҳо дар сурати пурзур намудани кӯшишҳои зиёиён, намояндагони созмонњои касбӣ ва ҷамъияти, қавм ва мазҳабҳо бо иштироки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварамон, васеъ намудани чорабинихои иттилоолоти –таргиботи ва дар шаҳрвандон ташаккул додани ҳисси оштинопазир ба тамоили экстремизм ба идеологияи экстремисти метавонем муқобили истем.

