Ифротгароӣ хамчун хатари чахон 25 Сентября 2019
Имрузхо якчанд фаъолони груххои ифроти ва террористи ба монанди «ХНИТ», «Груххи-24», «Паймони милли», ва дигар гуруххои мухолифин бисер суханхои номатлуб ба монанди паст задани сиесати давлат, сохтори Конституциони ва гайра.
Тавре аз зикри хатарҳои ин гурӯҳҳо маълум шуд, яке аз муҳимтарин барномаҳои гурӯҳҳои ифротӣ аз байн бурдани давлатҳои мустақил дар минтақаи мо, аз ҷумла аз байн бурдани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Онҳо ин нияти худро расман эълон карда, кишвари моро ҳамчун як ноҳияи хурди «хилофат»-и худ пешбинӣ мекунанд. Дар харитаи сиёсии ҷаҳон, ки онҳо таҳия карда, дар расонаҳо расман паҳн кардаанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон, умуман, вуҷуд надорад. Илова бар ин, онҳо ба сохти давлатдорӣ, тарзи зиндагӣ, арзишҳои миллӣ ва таърихи мо муқобил буда, нисбат ба онҳо нафрати беандоза доранд.
Яке аз самтҳои сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ва Ҳукумат дастгирии насли наврас ва ҷавонон буда, баҳри донишомӯзӣ ва касбомӯзии онҳо қувваи худро дареғ намедорад, то он ки ҷавонони мо соҳибилму соҳибистеъдод гардида баҳри ободии халқу ватани худ хизматҳои беназирро анҷом диҳанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.
Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳи ифротгаро мегардад. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии истиклолияти миллӣ ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем.
Дар шароити ҷаҳоншавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст.
Аммо ба ҳама саъю кӯшишҳои давлату ҳукумат нигоҳ накарда, дар ҷомеаи имрӯза падидаҳои манфие низ, ба монанди гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои бегона, даст задан ба ҷиноятҳои дорои характери террористиву экстремисти дошта, нашъамандӣ ва дигар намуди ҷиноятҳо ба чашм мерасад, ки ин аз шуури паст ва тарбияи нодуруст гирифтани онҳо дар оила шаҳодат медиҳад.
Чи тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, зиракии сиёсии ҷавонон ва кулли мардуми Тоҷикистон омили амнияти миллӣ, дифои ваҳдати миллӣ, худшиносии миллӣ, дарки ҳисси ватандӯстӣ, ватанпарварӣ, хештаншиносӣ ва волоияти қонунҳо мебошад.

