Даъват ба лексияи кушод 18 Октября 2019


unnamed.jpg                                                          image001.png

БАРНОМАИ «ДАСТГИРИИ ИДОРАИ МОЛИЯИ ДАВЛАТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» 

Даъват ба лексияи кушод 

18 октябри соли 2019, 13:30 – 14:30 

Мавзуи лексия:  атбиқи барномаҳои инноватсионӣ ва дастгирии давлатӣ дар соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Дар лексияи мазкур масъалаҳои саноатикунонии иқтисодиёти миллӣ ва маблағгузорӣ ба он  мавриди муҳокима қарор мегирад. Баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум дар заминаи таъмини рушди устувори иқтисодӣ аз ҷорӣ намудани технологияи муосир вобаста буда, пешрафти илмию техникӣ ба омилҳои дохилиистеҳсолӣ ва берунӣ таъсири хеле калон мерасонад. Дар шароити имрўзаи рақобати бозор асоси рушди фаъолияти корхонаҳои саноатӣ аз фаъолияти инноватсионӣ сарчашма мегирад.

Дар давраи солҳои 2011-2017 шумораи корхонаҳои саноатӣ аз 581 ба 974 воҳид (афзоиш 67 дарсад) зиёд гардиданд. Дар ин замина, талабот ба беҳтар гардонидани сифат ва шумораи инфрасохтори корхонаҳое, ки хизматрасониҳои молиявӣ ва фаъолияти миёнаравиро пеша намудаанд, меафзояд. Талабот ба сатҳи хизматрасониҳои корхонаҳои соҳаи иҷтимоӣ пайваста рў ба афзоиш дорад, ки ин дар давоми як сол қариб 26 дарсадро ташкил медиҳад.

Лектор: Ораз Муртазоев, омӯзгори калони кафедраи Фаъолияти бонкии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон.   

Макони чорабинӣ: шаҳри Душанбе, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, к. Деҳотӣ ½, корпуси 7, ошёнаи 3.

Забони чорабинӣ:  тоҷикӣ - русӣ

Силсилаи лексияҳои кушод дар чорчубаи лоиҳаи “Дастгирии идораи молияи давлатӣ” гузаронида мешавад ва аз ҷониби Вазорати рушди байналмилалии Бритониёи Кабир (DFID) маблағгузорӣ мешавад.

Мавқеи Шӯъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва Вазорати рушди байналмилалии Бритониёи Кабир мумкин аст бо нуқтаи назари муаллиф - баромадкунанда мувофик набошанд.

__________________

Барномаи лексияи кушод  

13.00 – 13.30  Бақайдгирии иштирокчиён / кофе – брейк

13.30 – 13.35  Сухани ифтитоҳӣ, Камолиддинов Манучехр, ҳамоҳангсози барномаи «Идоракунии молияи давлатӣ», ИҶК БМ дар Тоҷикистон 

13.35 – 14.10  Муаррифии “Татбиқи барномаҳои инноватсионӣ ва дастгирии давлатӣ дар соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон”,  Ораз Муртазоев.

14.10 – 14.30 Саволу ҷавоб

Возврат к списку


Учеба в РТСУ

Абитуриенту Абитуриенту Студенту Студенту Выпускнику Выпускнику Сотруднику Сотруднику
Для людей с ограниченными возможностями

Для комфортного просмотра вы можете воспользоваться масштабированием страницы — в активном окне браузера нажмите несколько раз на клавиатуре сочетание клавиш Ctrl и + для увеличения размеров шрифта и элементов сайта до необходимого вам размера

Закрыть