Даъват ба лексияи кушод 06 Февраля 2020


БАРНОМАИ «ДАСТГИРИИ ИДОРАИ МОЛИЯИ ДАВЛАТӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» 

Даъват ба лексияи кушод 

7 феврали соли 2020, 16:00 – 17:00 

"Нақши андоз аз фоида дар даромадҳои буҷети давлатӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо”

Дар лексияи мазкур натиҷаи кори таҳлилӣ дар масъалаи раванди андозбандӣ аз фоидаи фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифта, меъёри андоз аз фоида бо давлатҳои Осиёи Марказӣ муқоиса карда мешавад. Дар чорабинии мазкур мушкилотҳои ҷойдошта таҳлил гардида, барои бартараф кардани онҳо тавсияҳо пешниҳод карда мешаванд, инчунин, имтиёзҳо барои андоз аз фоида дар асоси Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима  қарор дода мешаванд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрўзҳо новобаста аз он ки низоми андозбандӣ торафт такмил меёбад, дар масъалаи ҳисоб ва пардохти андоз аз фоида як қатор мушкилиҳо ба назар мерасанд. Аксарияти корхонаю ташкилотҳо аз назари иқтисодӣ на чандон манфиатнок будани низоми андозбандӣ аз фоидаро зикр менамоянд.

Бояд қайд кард, ки паст кардани меъёри андоз аз фоида ба болоравии даромади корхонаҳо сабаб шуда, ба рушди фаъолияти сармоягузорӣ ва афзоиши даромадҳои Буҷети давлатӣ таъсири мусбат расонида метавонад.

Лектор: Маъруфҷони Садруддин, омӯзгори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.   

Макони чорабинӣ: шаҳри Душанбе, меҳмонхонаи Серена, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 17,  ошёнаи дуюм, толори “Нилуфар”. 

Забони чорабинӣ:  тоҷикӣ - русӣ

Силсилаи лексияҳои кушод дар чорчубаи лоиҳаи “Дастгирии идораи молияи давлатӣ” гузаронида мешавад ва аз ҷониби Вазорати рушди байналмилалии Бритониёи Кабир (DFID) маблағгузорӣ мешавад.

Мавқеи Шӯъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва Вазорати рушди байналмилалии Бритониёи Кабир мумкин аст бо нуқтаи назари муаллиф - баромадкунанда мувофик набошанд.

__________________

Барномаи лексияи кушод  

13.00 – 13.30  Бақайдгирии иштирокчиён / кофе – брейк

13.30 – 13.35  Сухани ифтитоҳӣ, Камолиддинов Манучехр, ҳамоҳангсози барномаи «Идоракунии молияи давлатӣ», ИҶК БМ дар Тоҷикистон 

13.35 – 14.10  Муаррифии “Нақши андоз аз фоида дар даромадҳои буҷети давлатӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо”,  Маъруфҷони Садруддин.

14.10 – 14.30 Саволу ҷавоб

Возврат к списку


Учеба в РТСУ

Абитуриенту Абитуриенту Студенту Студенту Выпускнику Выпускнику Сотруднику Сотруднику
Для людей с ограниченными возможностями

Для комфортного просмотра вы можете воспользоваться масштабированием страницы — в активном окне браузера нажмите несколько раз на клавиатуре сочетание клавиш Ctrl и + для увеличения размеров шрифта и элементов сайта до необходимого вам размера

Закрыть