Достони ҷавонмардӣ баъзе андешаҳо оид ба манзумаи ниҳонӣ «дар ситоиши Пешвои миллат» 24 Ноября 2016
Ҳар кас, ки надорад ба ҷаҳон меҳри ту дар дил,
Ҳаққо, ки бувад тоати ӯ зоеъу ботил.
(Ҳофиз)
Адабиёт воситаи муҳимтарини инъикоси воқеият мебошад. Тавассути ин абзори аҳамиятнок, ки инсоният дар давоми ҳаёти бошууронаи худ рӯйи кор овардааст, асрҳои аср онро сайқал додааст, мукаммал гардондааст, паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ тадқиқ, таҳқиқоти таърихӣ амиқ баҳогузорӣ ва пешкаши ҷомеа мегарданд. Ҳамзамон, тафаккури адабӣ воситаи маънавие мебошад, ки ба ҳақиқат аз нуқтаи назари истилоҳ ва мафҳумҳои бадеӣ наздик мешавад. Замоне ки воситаҳои дигари тадқиқу тафсир дар арҷгузории воқеият, ҷараёни дарки ҳастӣ, инъикоси паҳлуҳои гуногуни реалият мушкилӣ мекашанд, сухани бадеӣ онро ба уҳдаи худ мегирад. Маҳз ба ҳамин хотир, хаёли бадеӣ «воситаи мукаммали дарки воқеият» (В. Шеллинг) номида шудааст.


