Лексияи кушод дар мавзӯи «ҚАРЗИ ДАВЛАТИИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН: РЕТРОСПЕКТИВАИ ПАЙДОШАВӢ, ВАЗЪИ КУНУНӢ ВА РАВИЯҲО» 19 Декабря 2016


Лексияи кушод дар мавзӯи
«ҚАРЗИ ДАВЛАТИИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН:
РЕТРОСПЕКТИВАИ ПАЙДОШАВӢ, ВАЗЪИ КУНУНӢ ВА РАВИЯҲО»

Сана:               Ҷумъа, 23 декабри соли 2016

Вақт:               16:00 - 18:00

Макон:           ш.Душанбе, Маркази тиҷоратии «Вафо», Толори №1.

Ҳадафи иқтисоди миллии ҳар кишвар ва аз ҷумла Тоҷикистон фароҳам овардани шароит барои таъмини сатҳ ва сифати шоистаи зиндагии аҳолии он дар асоси рушди устувор мебошад. Зери мафҳуми «рушди устувор» чунин рушде дар назар дошта мешавад, ки талаботи одилонаи насли ҳозираро пурра қонеъ намуда, барои наслҳои оянда хатар эъҷод наменамояд. Яке аз чунин хатарҳо қарзи хориҷӣ аст. Мусаллам аст, ки давлат метавонад ва бояд бо шартҳои оқилона қарз гирад. Қарзи мӯътадил нишонаи эътимоди қарздиҳандагон ба давлат мебошад. Дар айни замон ҳаҷми ҳудудии қарзи давлатӣ вуҷуд дорад, ки дар сурати гузаштан аз он метавонад барои кишвар басо душвориҳо ба вуҷуд орад. Бо дарназардошти ин ғоя ва аҳамияти масъала дар лексия ретроспективаи пайдошавии қарзи хориҷии Тоҷикистон баррасӣ карда шуда, вазъи он арзёбӣ ва таҳлил карда мешавад.

Меҳмони даъватшуда:

Ҳасанов Муним Маҷидович соли 1976 Донишгоҳи давлатии сохтмонии Москва, баъдан аспитантураи ин Донишгоҳро соли 1981 хатм намуда, рисолаи илмӣ ҳимоя намудааст ва  соҳиби дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ гардидааст. Соли 1995 дар асоси Барномаи муштараки Донишкадаи Бонки ҷаҳонӣ ва СММ оид ба рушди саноат/UNIDO дар Донишкадаи муттаҳидаи Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки аврупогии таҷдиду рушд, ки дар Вена (Австрия) воқеъ мебошад, таҳсил кардааст.

Дар тўли 27 сол дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон аз омӯзгор то декан фаъолият намудааст. Солҳои 1996–1997 дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ҳамчун муовини мудири шўъба, дар давоми солҳои 2003–2014 дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ ба ҳайси мудири кафедра ва мудири шўъбаи ҳамкориҳои байналмиллалӣ иҷрои вазифа кардааст. Солҳои 2015–2016 дар Донишгоҳи давлатии Сахалин (Федератсияи Россия) вазифаи мудири кафедраро иҷро карда, ҳоло профессори Донишгоҳи давлатии Данғара мебошад.

Ҳасанов М. М. муаллифи 350 кори илмӣ, илмию оммавӣ, илмию методӣ ва методӣ, аз ҷумла 2 китоб мебошад. Ин корҳо на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он – дар Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Озарбойҷон, Россия, Украина, Чин ва Шветсия – чоп шудаанд. Китоби соли 2002  нашр гардидаи ў «Қарзи хориҷӣ: равандҳои ҷаҳонӣ ва замимаи онҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон» ғолиби озмуни эълон намудаи    Маркази патентию иттилоотию Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ  шудааст.

Ҳасанов М. М. бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» сазовор гардида, барои хизматҳои бенуқсони бисёрсола дар соҳаи илму маориф бо ордени «Шараф»-и дараҷаи II мукофотонида шудааст.

Телефон барои тамос: (+992) 93 5000 615 (Умедҷон Маҷидӣ)

Сабти ном: Барои тасдиқи иштироки худ лутфан ба суроғаи электронии umed.majidi@osiaf.tj  бо ишораи ному насаб ва ҷои кор мактуб ирсол намоед.

Силсилаи лексияҳои кушод дар чорчубаи лоиҳаи “Дастгирии идораи молияи давлатӣ” гузаронида мешавад ва аз ҷониби Вазорати рушди байналмилалии Бритониёи Кабир (DFID) маблағгузорӣ мешавад.

Мавқеи Шӯъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва Вазорати рушди байналмилалии Бритониёи Кабир мумкин аст бо нуқтаи назари муаллиф - баромадкунанда мувофик набошанд.

Возврат к списку


Учеба в РТСУ

Абитуриенту Абитуриенту Студенту Студенту Выпускнику Выпускнику Сотруднику Сотруднику
Для людей с ограниченными возможностями

Для комфортного просмотра вы можете воспользоваться масштабированием страницы — в активном окне браузера нажмите несколько раз на клавиатуре сочетание клавиш Ctrl и + для увеличения размеров шрифта и элементов сайта до необходимого вам размера

Закрыть