Дар зикри хайри олим ва ходими намоёни давлатӣ Георгий Кошлаков 31 Августа 2017


Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал


Муҳтавои  ёдномаи мо ҳамкорон ва дӯстони ӯ ин мисраи Аллома Сино мебошад.Георгий Вадимович барои иқтисоди ояндаи кишвар нисфи умрашро дар ҷусутуҷӯи умқи замин,гилу хоки ин сарзамини  сарватзо ва пурғанӣ сипарӣ намуд.Замоне давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1991 пош хурд,беҳтарин мутахасисону олимон, ходимони давлатӣ халқу миллатҳои дигар чун “мушҳо” киштиро  пеш аз туфон тарк карданд.Георгий Вадимович  муовини  аввали раиси Шӯрои вазирони Ҷумуҳурии Тоҷикистон дар он айём на танҳо ин Ватан, балки утоқи кориашро тарк накард. Мефаҳмид, ки Тоҷикистони  навистиқлол аз ҳар гуна муҳосираҳо ва даргириҳо  бо пирӯзӣ мебарояд.Дар он айём тибқи овозаҳо ва даллеҳои ғайрирасмӣ барои  Гергий Вадимович  чун шахси мансабдори  калидии Тоҷикистон,донанадаи  тамоми асрори заминию зеризаминии Осиёи Марказӣ дар хориҷи кишвар  мансабҳои баланд,кушку қасрҳо,молу амвол пешкаш карданд.Дар ин бора маълумоти расмӣ надорем.Аммо суханони худи ӯ дар ҷавоб ин овозаҳо сабт гардиданд. Ӯ ояндабинона мегуфт: “Ватан забон,ранг,миллат,надорад. Ватани ман Тоҷикистон аст. Ин мардум,  ин миллат хушбин,некбину фархундаху дар нимароҳ намемонад.Ин миллат ин давлат такягоҳу пуштибони Осиёи марказӣ хоҳад шуд”

Ҳануз дар овони зинда будан ва  кор дар Донишгоҳи Славянӣ Русияву Тоҷикистон ҳамкорон ният карданд, ки дар мавриди хизматҳои шоёни Георгий Вадимович очерк нависанд. Вале хислати хоксорию фурӯтании Георгий Вадимович ба ин монеа мешуд. Имрӯз зикри шуҷоати ин абармарди асил ҷоиз аст. Зеро наслҳои ҷавон бояд дар мисоли садоқат ба миллати точик, заҳматҳои ӯ итилоот дошта бошанд.

Фаъолияти меҳнатии Георгий Вадимович соли 1958  пас аз хатми Донишгоҳи политехники Осиё Марказӣ аз Сараёсати геологиия Ҷумуҳурии сотсиалистии Тоҷикистон ба ҳайси муҳандис- танзимгар оғоз шуд. Соли 1958 дар асоси Қарори КМ ҲКИШ ва Шӯрои Вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ дар мавриди  кашфу коркарди сарватҳои зеризаминии Ҷумуҳурии Тоҷикистон чораҳои иловагии рушди ин соҳа дар Осиёи марказӣ қабул гардиданд. Саридораи геология ва сохторҳои минтақавии он таҳти назорати ҷиддии Москва  гирифта шуд. Ба ҳайси муҳандис- танзимгар ва баъадан сардори бахши геологӣ тамоми ҳудуди куҳсори кишварро пиёдаву савора тай намуд. Соли 1962 бо иқдоми бевоситаи Георгий Вадимови нахсутин экспедитсияи геологии Бартанг –Сарез –Мурғоб ташкил гардид. Дар муддати кутоҳ чанд нуқтаҳои минералҳои нодири зери заминӣ кашф гардиданд.  Дар баробари ин харитаи мушахаси ҳаракат, бунёди иншоотҳои комуникатсионӣ матраҳ шуд. Соли 1965 дар Сидораи геологияи Иттиҳоди Шӯравӣ аз рӯи натиҷаи фаъолияти гуруҳ гузориши алоҳида ба Ҳукумати иттиҳоди Шӯравӣ омода шуд. Дар ҷамъбасти соли 1966 гуруҳ ва бахш сазовори ҷои аввал гардид. Бо тавсияии роҳбарият Георгий Вадимович сармуҳандиси Экспедитсияи геологии Ҷануби Раёсати гелогияи  Ҷумуҳурии Тоҷикистон  таъин гардид. Натиҷаи заҳмат дар ин смат низ аз худ натиҷаҳои муъҷизавӣ боқӣ гузошт. Конҳои мармари Даштак, лоҷувард , як қатор сангҳои нимнодир ва нодири Помири Ғарбӣ барои коркард тавсия дода шуданд.

Соли 1974 Бюрои сиёсии КМ ҲКИШ ва Шӯрои вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ дар мавриди  рушди геология ва саноати куҳии Ҷумуҳурии Тоҷикистон гузориши Котиб якуми КМ ҲКИШ Тоҷикистон Ҷаббор Расуловро шунид. Ба хотири  ташкили фаврии маҷмаи саноатии минтақавии Ҷануби  Ҷумуҳурии Тоҷикистон барои истифода захирахои энергетикии НБО Норак пойгоҳи моддӣ –техникӣ ва кадрии Раёсати геологияи Ҷумуҳурии Тоҷикистон мустаҳкам гардид. Георгий Вадимович Сардори Раёсати геологиия Ҷумуҳурии Тоҷикиситон таъин гардид. Албатта аксари корҳои  шоёни Георгий Вадимович ҳануз  ҳам муҳри махфӣ доранд.  Вале он сол барои ягон кас махфӣ набуд, ки Георгий Вадимович ҳамаи даҳлезу утоқҳои кории роҳбарияти Ҳукумати Иттиҳоди Шурвиро даҳҳо бор даро буро мекард. Геологи маъруф олим ва шоир Зуҳуридин Ёров дар ин бора  ёдрас мекунад; “Георгий Вадимович аз Москва бо дасти холӣ намеомад. Маблағ, техника ва дигар  васоити меҳнатро гоҳе расмӣ ва гоҳе зуран кашида меовард. Ҳатто боре дар як ҷаласаи кории Раёсати геологияи  Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамкасбони мо аз Озарбойҷон гила крданд,ки Сарраёсати геологияи  Иттиҳоди Шӯравӣ бояд лавҳаи идораашро  “Сарраёсати Геологиия СССР барои Тоҷикистон” номгузорӣ кунад.

Маҷмаи саноатии Ҷануби Тҷикистон пас аз ба истифода додани НБО Норак, Корхонаи алюминйи Тоҷикистон (ТА даз), комбинати электрохимявии Ёвон ба феҳрасти корхонаҳо ва муассисаҳои стратегии хоса муҳими Иттиҳоди Шӯравӣ шомил шуданд. Ба мақсади дар сатҳи Ҳукумат таҳти назорати ҷиддӣ гирифтан ва роҳбарии алоҳида соли 1978 Георгий Вадимович Муовин ва баъдан муовини якуми  Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумуҳурии сотсиалистии Тоҷикистон таъин гардид. Соҳаи саноати вазнин, кашф, коркард, пажуҳиш ва рушди сарватҳи зеризаминӣ, саноати маъдани куҳӣ ва металлургия пурра ба уҳдаи Георгий Вадимович гузошат шуд. Ҳамаи иншооту корхонаҳои бо сарварии Георгий Вадимович бунёдшударо зикр кардан имконнопазир аст. Танҳо ҳамин далелро зикр мекунем,ки аз соли 1978 то 1982 дар кишвар 123 калонтарин корхонаҳои саноатӣ  ба истифода дода шуданд. Корхонаҳои дорои аҳамияти умумиитифоқ “Заря Востока” . “Востокредмет”, Комбинати элетрохимявии Ёвон, “Памиркварсамовети”, Комбинати маъдани Анзоб аз рӯи талаботи меъёри содиротии Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсулот истеҳсол мекарданд.Соли 1985 се муасисаи саноатии Тоҷикистон ғолиби баҳси меҳнатии Иттиҳоди Шӯравӣ гардиданд. Аз соли 1979 то соли 1986 нақшаи солонаи истеҳсолти саноат 105 то 110 фоиз буд мешуд. Нахсутин лоиҳаҳои тарҳрезӣ ва нақшакашии НБО Роғун низ таҳти сарварии Георгий Вадимоҷич  амалӣ гардиданд. Барои кашолкорӣ дар сохтмони  НБО Роғун  Георгий Вадимович беш аз 50 гузориши расмӣ ба КМ ҲКИШ Иттиҳоди Шӯравӣ ирсол намудааст.Вазирони саноати Энергетика ва металлургияи рангаи Иттиҳоди Шуравӣ  Ломако, Непорожний он овақт ба исрори  ӯ  аз иншоотҳои муҳими Тоҷикистон  дидан намуданд. Вале Георгий Вадимович аз кашолкориҳои барояш махфӣ асабӣ мешуд.Ҳатто соли 1989 гуруҳҳои кории Вазорати иқтисод ва савдои Иттиҳоди Шӯравӣ дар 37 иншоот корро боздоштанд.Аз ру хулосаи гуруҳ гуё бунёди ининшоотҳо харҷи зиёд ба бор оварда, манфиати иқтисодии онҳо ночиз мебошад.

Георгий Вадимович яке аз нахустин вазирони давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон соли 1991 таъин гардид.Он вақт худаш арз карда буд.”Ман ба мансаби вазирри саноат ва захираҳои  ашёи хом он қадар моил нестам,аммо ман бояд корҳои  оозшудаамро анҷом диҳам.Ман накунам,ки мекунад?”

Албатта он солҳо дари Москва низ баста шуд. Аз Иттиҳоди Шӯравӣ барои саноати вазнини  Ҷумуҳурии Тоҷикистон қариб чизе мерос намонд.Георгий Вадимович бо заҳмати зиёд кучиши кадрҳоро боздошт.Санаоти  вазнинро  бо навкорон пеш бурдан мушкил буд. Баъзан маҷбур мешуд дӯстон,ҳамкорони собиқашро аз хориҷи кишвар даъват мекарду кор мефармуд.

Соҳаи саноати вазинии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳатто дар худи Русияи Шӯравӣ мухтор набуд.Шабакаи ягонаи пайвасти  технологӣ,таъминотӣ ва идоракунии технологиия нав канда шуд.Масалан барои  Заводи Алюминийи Тҷикистон аз 36 корхона ва конҳои собиқ ҷумуҳуриҳои Иттиҳод Шӯравӣ ашё хом ва таҷҳизотӣ технологӣ ворид мешуд. Барои эҳёи саноати нав ба Георгий Вадимович зарур омад,ки корро аз сифр оғоз кунад.Дари н самт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми бузург гузошт. Аз рӯзҳои аввали фаъоляти сиёсӣ ба саноат диққати ҷиддӣ равона мекард. Барномаи эҳёи саноати Ҷумуҳурии Тоҷикистон алакай соли 1995 бо роҳнамоии Сарвари давлат матраҳ гардид. Сипас дар вазифаҳои Вазири иқтисод ва ояндабинӣ, мушовири Сарвазир  ин барномаро муваффақона амалӣ мекард.

Акнун давраи хеле пурмаъсул барояш фаро расид. Бояд насли ҷавонро ба камол расонд. Ба ин хотир Гергий Вадимовичро  чун олим,собиқадори соҳаи иқтисод ва геология,мутахасииси  дараҷаи олӣ ба кори таълими тадрис даъват карданд. Дар он давр дар  ин самт алаакай корҳои шоён анҷом ёфта буданд.Донигшҳи Славяни Русияву Тоҷикистон ба яке аз марказҳои овозадори тайёр кардани  мутхасисон мухталифсоҳа табдил ёфт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора хирадмандона зикр мекунад”Дар низоми умумии муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Русия бахши гуманитарӣ, аз ҷумла самтҳои маориф ва илм, ҷойгоҳи махсус доранд. Ҳамкории ҷонибҳо дар ин самт ҳамчун омили асосии ҳифзи фазои умумии таҳсилотӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи анъанаҳои таърихии робитаи миёни давлатҳо ва мардумони мо арзёбӣ мегардад. Имрӯз Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон бо технологияҳои муосири таълимӣ муҷаҳҳаз гардида, дар он кадрҳои доираи васеи ихтисосҳо омода карда мешаванд. Дар донишгоҳ беш аз яксаду ҳафтод нафар докторон ва номзадони илм рисолати касбии худро адо мекунанд”

Чун педагог ва мураббӣ Георгий Вадимович шабу рӯз дар иҳотаи омӯзорону шогирдон буд. Аз ҳама муҳимаш Георгий Вадимович мавқеи устувори гражданӣ дошт. Садоқату муҳаббати ӯ нисбат ба мардуми тоҷик тавсифношаванда аст. Дар рӯзҳои “ҷанги сард” зидди НБО Роғун Георгий Вадимович аввалин шуда ба таври илмӣ манфиати иқтисодии минтақавӣ, бехатарӣ ба муҳити зист, ояндаи рушди гидроэнергетикаи минтакаро ба далелҳои муътамад собит намуд.

Ба ҳайси олим зиёд аз 76 тадқиқотҳои пурарзиш анҷом додааст,ки имрӯз аз руи ин осори илмӣ дар донишгоҳҳои Русия, Белорусия, Қазоқистон, Озарбойҷон васоити таълимиӣ муратаб ёфтааст. Барои тадқиқотҳои муҳим дар мавриди сарватҳои зеризаминӣ ва усулҳои коракарди онҳо  сазовори  Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ Сино гардидааст.

Хизматҳои шоёни профессор Георгий Вадимович бо Ордени “Дустӣ”и Федероли  Русия,чандин медалҳои соҳавӣ қадр шуда буд.

Дусти ҷонӣ, мурабии ғамхор ва ватанпрасти асил аз байни мо рафт, аммо кору осор, хотираҳои некаш ҷовидонӣ дар қалби мо ҳамкорон боқӣ мемонад.                           

Нуралӣ Солеҳов
Доктори илмҳои филологӣ, профессор.Ректори ДРСТ Тоҷикистон

Хусрав Шанбезода,
Доктори илми филологӣ, профессор

Шариф Муллоев
Доктори илми филологӣ, профессор

Рустам Салимов,
Доктори илми филологӣ, профессор

Возврат к списку


Учеба в РТСУ

Абитуриенту Абитуриенту Студенту Студенту Выпускнику Выпускнику Сотруднику Сотруднику
Для людей с ограниченными возможностями

Для комфортного просмотра вы можете воспользоваться масштабированием страницы — в активном окне браузера нажмите несколько раз на клавиатуре сочетание клавиш Ctrl и + для увеличения размеров шрифта и элементов сайта до необходимого вам размера

Закрыть