Эмомалӣ Раҳмон - асосгузори давлатдории муосири тоҷик 19 Января 2018


Дар матбааи нашриёти «Контраст»-и пойтахти кишвар китоби тозаэҷоди соҳибкори донишманд Абдуқаҳҳор Холов ва доктори илмхои таърих, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Точикистон оид ба масъалахои робитаҳои хориҷи Зафар Сайидзода бо номи «Эмомалӣ Раҳмон - асосгузори давлатдории муосири тоҷик» (Душанбе: Контраст, 2017. - 216 саҳ.) чоп шуд. Ин асари таҳлили аз се боб иборат аст, ки ба масъалаҳои раванди поягузории давлатдории муосири тоҷик, ташаккулу густариши худшиносии миллӣ ва сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибихтиёр бахшида шудаанд. Китоб теъдоди зиеди суратҳои ранга дошта, дар сатҳи баланди полиграфӣ мунташир гаштааст.

Ҳамаи рӯйдодҳои сарнавиштсозе, ки дар тӯли чаҳоряк аср дар Тоҷикистон руҳ намудаанд, бо номи сиёсатмадори барҷаста, абармарди сулҳофарин, Пешвои эътирофшудаи миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки бо ҳисси масъулият дар пеши имрӯзиён ва наслҳои оянда давлати мардумсолор эҷод намуда, ба ин васила халқи куҳанбунёди тоҷикро дар пеши ҷаҳониён соҳиби обрӯю манзалат намудааст, пайванди ногусастанї доранд.

Дар ин китоб, ки ба фаъолияти 25-солаи сиёсии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст, муаллифон кӯшидаанд, то нишон диҳанд, ки агар сиёсатмадор манфиатҳои сарзамини модарӣ ва халқи хешро дар мадди аввал қарор диҳад ва барои ободию шукуфоии сарзамини аҷдодӣ тамоми ҳастии худро бахшад, қодир ба даст ёфтан ба пирқзиҳои бузург хоҳад буд.

Муаллифон умедвор ҳастанд, ки ин китоб ба хонандагон, бавижа ба ҷавонон, баҳри боз ҳам беҳтар шинохтани чеҳраи хосси Эмомалӣ Раҳмон ва дарёфтани сабабҳои пешрафтҳои чашмгири Тоҷикистони навин, ки маҳсули заҳматҳои арҷмандона ва шабонарӯзии ин шахсияти барҷаста ва Пешвои миллати тоҷик аст, кумак хоҳад кард.

скачать книгу

Возврат к списку


Учеба в РТСУ

Абитуриенту Абитуриенту Студенту Студенту Выпускнику Выпускнику Сотруднику Сотруднику
Для людей с ограниченными возможностями

Для комфортного просмотра вы можете воспользоваться масштабированием страницы — в активном окне браузера нажмите несколько раз на клавиатуре сочетание клавиш Ctrl и + для увеличения размеров шрифта и элементов сайта до необходимого вам размера

Закрыть