Мафҳумҳои бунёдии назариёти сиёсии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дастраси хонандагон шуданд 05 Февраля 2018
Дар матбааи нашриети «Контраст»-и пойтахти кишвар китоби нав бо номи «Мафҳумҳои бунёдии назариёти сиёсии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» мунташир гашт.
Муаллифон – мураттибон ин нашрияи арзишманд доктори илмҳои таърих, мушовири калони дастгоҳи Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Зафар Сайидзода, сафири кабири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода, донишманду муҳаққиқи ҷавон Арафамоҳ Даминова мебошанд.
Дар ин китоб, ки аз бобҳои «Ҷомеа»,» Давлату давлатдорӣ», «Амният», «Рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ», «Сиесати хориҷӣ» ва «Маънавиет» иборат аст, дар 422 саҳифа бори аввал ба забони тоҷикӣ мазмуну моҳияти мафҳумҳои бунёдии назариёти сиёсии Пешвои миллат ва консепсияи давлатдории Тоҷикистони муосир баен шудаанд.
Муаллифон –мураттибон умедворанд, ки омўхтан ва дастури кору амалу зиндагӣ қарор додани ин
31 мафҳуми калидӣ ба ходимони ҷамъиятӣ, олимон, омўзгорон, донишҷӯён ва
толибилмон дар пешбурди фаъолияти маърифатию илмӣ ва иҷтимоӣ мусоидат хоҳанд кард.
МБНС Пешвои миллат Эмомали Рахмон


