Ҷавоб ба саркардаи дурӯғгӯён М.Салимпур 01 Декабря 2018
30-юми ноябри соли 2018, М.Салимпур масъули сомонаи «Ахбор.ком» ва саркардаи дурӯғгӯён бо як пуррӯии ба ӯ хос ахбори пучу беасосро бо номи «НАШРИЯИ АМРИКОӢ ВИДЕОЯШРО ДАР БОРАИ ҲНИТ ПОК КАРД» ба нашр расонид, ки бори дигари пойбанди арзишҳои наҳзатӣ ва сарихонхӯри Кабирӣ будани М.Салимпурро нишон медиҳад. Шаффофият ва адолати касби журналистӣ тақозо мекунад, ки ба нашри ин гуна ахборҳои дурӯғ эҳтиёткорона муносибат намоӣ. Охир шумо равшанфикрҳои торикфикр дар дили Олами кӯҳан ҷой гирифта, чӣ дидед, ки ҳамин наҳзатро ҳимоя мекунед? Чун инҳо дар Афғонистон ҷой гирифтанд, шумоёнро яҳуду габру тарсо меномиданд. Бале шумо журналистони аловдозро.
Аврупо чанд қарн аст аз ин ақибимондагӣ раҳо ёфтааст, шумо бошед ҳатто Оксфорду Сорбоннро ҳам хонед, боз аз думи ҳамин муллоҳои ифротӣ меравед. Аҷаб.
Амалан, агар амиқ бингарӣ, кореро ки ҳизби террористи наҳзат дар се даҳсолаи охир анҷом дод, иборат буд аз: дар қатори ба бероҳа кашидани суботи ҷомеа; дар мадди сонӣ зарба ба арзишҳои дини Ислом дар ҷомеа буд.Худ қазоват кунед: ТТЭ ҲНИ дар замони ҳокимияти Шӯро худро дар сатҳҳои поёнии ҷомеа айёрона ҷой карда, бо насиҳати таълимоти Саид Қутб ва Ҳасани Бано, раҳбарони ҳизби ифротии «Ихвон-ул-муслимин», ба ислоҳотҳои ба ақидаи худашон «созанда» даст заданд. Дине ки 1400 сол арзи вуҷуд дошт, ниёзу талаботи ин диндорони наҳзатиро бароварда намесохт. Онҳо корҳоеро дар чорчӯби дин анҷом медоданд, ки хилофи суннатҳои қадимии миллӣ арзёбӣ мешуданд ва ҳадаф аз ин качравиҳо ҳамоно, мубориза бар зидди асосҳои фарҳанги миллӣ буд.
Баргардем, ба сари эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки дар расонаи муътабари амриқоӣ дар бораи даст доштани ТЭТ ҲНИ дар қатли сайёҳони хорҷи даст доштанд. Охир ин хориҷикушии ин наҳзат аз куштани кормандони СММ дар соли 1998, ваҳшонияти Ризвон оғоз ёфта буд ва ҳоло ҳам ҳамон ришпарастони бериё ба ин қатлҳо даст мезананд.
Гуруҳҳои тарафдори ҳукумат бошанд рост мегӯянд, гузориши «Настоящее Время» ҳамчун далели эътирофи нақши ҲНИТ дар куштори сайёҳон аз ҷониби матбуоти Ғарб мебошанд ва аз он истиқбол меекунанд.


