Омилҳои миллаткуши ҷомеаи тоҷик 18 Марта 2016
Дар ҷаҳони имрӯза, ки ҷаҳони манфиатҳост, ҳар давлати миллӣ барои нигоҳ доштани қудрати сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии худ аз воситаҳои гуногун истифода мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки субъекти муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар арсаи олам ба ҳисоб меравад аз равандҳои муосири ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар канор нест. Ҳар ҳодисаву воқеае, ки дар минтақа ба вуқуъ меояд ба кишвари мо низ таъсир мерасонад.
Ибтидои асри XX барои сохтани давлати миллӣ барои миллати тоҷик шароити мусоид буд. Аммо бо сабаби он, ки мардуми ин сарзамин дар тӯли таърих бештар зери султаи бегонагон зиндагӣ ва эҷод мекард, тоҷикон натавонистанд, пояҳои давлати миллии худро дуруст устувор намоянд. Омилҳои гуногуне буданд, ки миллати тоҷик натавонист дар ибтидои асри XX давлатдории миллии худро рушд диҳад.
Омили асосӣ ин фарқ накардани мафҳуми «миллат» аз мафҳуми «мазҳаб» мебошад. Ҳамин омил боиси он гардид, ки мардуми тоҷик ба хотири «мазҳабсозӣ» аз баҳри «миллатсозӣ» гузаштанд. Дар ин давра дар дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ рушду инкишофи соҳаҳои муҳими ҳаёт оғоз гардида, то ибтидои Ҷанги дуюми ҷаҳон идома намуд. Мутаассифона, то оғози Ҷанги дуюми ҷаҳон дар ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон мубориза бар муқобили босмачиён идома кардааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамагуна низоъ боиси нооромӣ дар ҷомеа мегардад ва мардум наметавонанд фаъолияти худро бетаҳлукаву тарс идома диҳанд. Маҳз ҳамин омил раванди ташаккули босуботи миллати тоҷикро боздошт.
Омили дигар ин низоми нодурусти маориф дар ибтидои аср буд. Ин низомро асосан нафароне сарварӣ мекарданд, ки пойбанди дину мазҳаб буданд ва ҳамеша барои миллати ислом хизмат кардаанд. Дар зери парчами «пантуркистӣ» фаъолият карда, суннатҳои исломиро тарғиб мекарданд. Маорифпарварони ин замона натавонистанд, арзиши миллиро мушаххас ва барои наслҳои минбаъда боқӣ гузоранд. Имрӯз дар асри XXI инсон ҳайратзада мешавад, ки ба ҷуз аз шеъру шоир магар мо дар таърих дигар арзиши фарҳангие надоштаем, ки дар ин замон дархурди рӯзгорамон бошад? Магар мешавад бо ифтихори маънавии гузашта ояндаро сохт?
Омили дигар ин набудани муттаҳидии моддиву маънавӣ дар зиндагиву ҳаёт мебошад. Агар дуруст ба таърих назар кунем, маълум мешавад, ки ҳар нафаре ки ба ин сарзамин лашкар кашид « ғолиб шуд». Бубинед, юнониҳо ин минтақаро зеру забар карданду навиштани «искандарнома»-ҳо дар адабиёт ба ҳукми анъана даромад. Арабҳо ҳамаро зеру забар карданд ва забони арабӣ, забони илм шуд. Турку муғул ҳамаҷоро ғасб намуданду ҳамаи мавзеъҳои аҳолинишин номҳои туркиву муғулиро гирифтанд. Ин далели он аст, ки мардуми тоҷик иттиҳоди моддиву маънавии худро дар таърих надоштааст. Мутаасифона аксари равшангарон ва мазҳабиён ҳамеша дар хидмати адабиёт, фарҳанг ва дини бегона буданд.
Имрӯз яке аз масъалаҳои асосӣ дар ҷомеа фарқ накардани фарҳанги миллӣ аз фарҳанги динӣ мебошад. Ҳатто баъзе олиму муҳаққиқон таърихи маданию маънавии то асри VII-ро «бегона» меҳисобанд. Ин амал ба рӯҳияи ҷавонони ноогоҳу камдониш бетаъсир нест.
Пас аз соҳибистиқол гардидани Тоҷикистон, насли солҳои охири Шӯравӣ, ки дар «танӯри худшиносӣ» ташаккул ёфта буд пешбарандаи ҷомеа гардид.Ин насл дар зершуури худ «миллатдӯст», аммо дар амал «мазҳабгарост». Боиси ба ин ҳол гирифтор шудани ин насл ғолиб шудани иделогияи исломӣ бар ғояи давлати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Ин насл ба он бовар аст, ки набудани озодии динӣ мардуми тоҷикро ба ҳолати кунунӣ гирифтор кардааст.
Насле, ки дар солҳои интиҳои Шӯравӣ ба дунё омад беогоҳии илмиву маънавӣ вориди «олами ислом» шуд, зеро фазои аз идеологияи Шӯравӣ холишударо диндорон ба даст гирифтанд. Сабаби аслии ба сафи ҷангиёни ДОИШ пайвастани ҷавонон бошад, таблиғи бениҳоят зиёди дини ислом аз тариқи расонаҳои хабарӣ мебошад.
Албатта ҳама масъала роҳи ҳалли худро дорад ва ба назари ин ҷониб:
-Агар ҳадаф аз тарғиби фарҳанги миллӣ, рушди фарҳанги исломист аст, пас бояд дин ҳамчун арзиши ахлоқӣ баррасӣ ва тарғиб шавад, на ҳамчун омили ҷомаесоз;
-Мақомоте, ки ба масъалаҳои маориф, фарҳанг, иҷтимоиёт вобастаанд бояд тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ кунанд, на ин ки аз умқи таърих арзишҳои мазҳабӣ ҷустуҷӯ кунанд;
- Забон ва адабиёт як ҷузъи фарҳанганд ва дар ҳалли ҳамаи масъалаҳои иҷтимоиву фарҳангӣ инҳоро «парчам кардан» салоҳи кор нест;
- Ҳамаи сарҳадҳои сиёсиро иттилоот шикастааст ва имрӯз моро зарур аст, ки дар таҳлили иттилоот пешсаф бошем, то ки манфиатҳои миллиро ҳифз кунем;
- Акнун замони он фаро расидааст, ки дар ҳамаи қишрҳои ҷамъият тафаккури интиқодиро рушд диҳем, зеро собит шудааст, ки ҷанбаи мусбати танқид бештар мебошад.
Фирдавс Ниёзӣ- номзади илмҳои филология
Бознашр аз ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» №7 (9433) аз 18.02.2016с.


